Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нозирони СММ Димишқро тарк намуданд


Нозирони таслиҳотии СММ, ки истифодаи силоҳи кимиёвӣ дар Сурияро тафтиш мекарданд, рӯзи душанбе Димишқро тарк намуда, вориди Бейрут, пойтахти Лубнон, шуданд. Ин дуввумин сафари нозирон ба Сурия дар ду моҳи ахир буд. Онҳо ҳафт далели истифодаи эҳтимолии силоҳи кимиёвӣ, аз ҷумла, ҳамла дар канори Димишқро, ки беш аз 1400 кушта бар ҷой гузошт, тафтиш карданд. Гуфта мешавад, ки гузориши муфассали онҳо моҳи оянда нашр шавад.

Дар ҳамин ҳол қарор аст, ки рӯзи сешанбе тақрибан 20 нозири Созмони манъи силоҳи кимиёвӣ вориди Димишқ шаванд. Намояндаи ин созмон гуфтааст, онҳо барои шакку шубҳа оиди эҳтимоли аз сӯи мақомоти Сурия махфӣ кардани захираи силоҳи кимиёвӣ ягон асос надоранд.

Дирӯз Башор Асад, раисиҷумҳури Сурия, дар сӯҳбат бо як шабакаи телевизионии Италия изҳор намуд, ки Димишқ ҳама талабҳои қатъномаи Шӯрои амнияти СММ-ро иҷро ва захираи силоҳи кимиёвии кишваро маҳв хоҳанд кард. Рӯзи ҷумъа Шӯрои амнияти СММ бо як овоз аз тарҳи қатънома дар бораи дар ихтиёри ҷомеъаи ҷаҳонӣ гузоштани захираи силоҳи кимиёвии Сурия пуштибонӣ кард.
XS
SM
MD
LG