Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Алес Белятский нахустин барандаи ҷоизаи Ҳавел шуд


Алес Белятский, ҳомии ҳуқуқи башари белорус, ки дар зиндон ба сар мебарад, нахустин барандаи ҷоизаи ба номи Ватслав Ҳавел “Барои ҳуқуқи инсон” шуд. Маросими эълони барандаи ҷоиза дар шаҳри Страсбург баргузор гардид. Қарор аст, ки ҷоиза ба маблағи 60 ҳазор евро ба Наталя Пинчук, хонуми Алес Белятский, супурда шавад.

Белятский, раҳбари созмони дифоъ аз ҳуқуқи башар “Весна”, ки аз сӯи мақомоти Белорус мамнӯъ эълон шудааст, моҳи ноябри соли 2011 бо иттиҳоми сарпечӣ аз андоз ба чаҳору ним соли маҳбас маҳкум шуд. Аммо мухолифини ҳукумати Минск мегӯянд, ки парвандаи ӯ ангезаи сиёсӣ дорад.

Ҷоизаи ба номи Ватслав Ҳавел моҳи марти соли равон аз сӯи Маҷмааи парлумонии Шӯрои Аврупо, Китобхонаи Ҳавел дар Прага ва Бунёди чехии “Хартия-77” ба ёди охирин раҳбари Чехословакия ва нахустин раисиҷумҳури Чехия, адиб ва драмнавис Ватслав Ҳавел, таъсис шудааст.
XS
SM
MD
LG