Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯҳонӣ хостори эҳёи парвозҳо миёни ИМА ва Эрон шуд


Раисиҷумҳури Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ ба сохторҳои зидахли ҳукумат амр кард, ки мавзӯи эҳёи парвози мустақими ҳавопаймоҳо миёни Эрону Амрикоро матраҳ кунанд. Хабаргузориҳои эронӣ бо такя ба мушовири раисиҷумҳур Акбар Торкан навиштаанд, ки Рӯҳонӣ мехоҳад тавассути эҳёи парвозҳо мушкили вуруди эрониҳои муқими Амрико ба кишварро осон намояд.

Парвози мустақими ҳавопаймоҳо миёни Амрикову Эрон беш аз сӣ сол пеш лағв шуда буданд.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раисиҷумҳури тозаинтихоботи Эрон, талоши нармиш дар равобити миёни Теҳрону Вошингтонро дорад. Ин нукта дар суханронии ӯ аз минбари Маҷмааи умумии СММ баръало аён шуд.

Рӯзи ҷумъа Ҳасани Рӯҳонӣ ва раисиҷумҳури Амрико Барак Обама гуфтугӯи телефонӣ доштанд, ки нахустин сӯҳбати мустақими сарони ду кишвар баъди дар соли 1979 қатъ шудани робитаҳои дипломатӣ миёни Вошнигтону Теҳрон буд.
XS
SM
MD
LG