Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ашраф Ғанӣ барои курсии раисиҷумҳур мубориза мебарад


Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай
Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай
Ашраф Ғанӣ, собиқ вазири молияи Афғонистон, изҳор намуд, ки барои курсии раисиҷумҳур мубориза мебарад. Дар ин бора ӯ рӯзи душанбе дар Твиттери худ хабар додааст. Интихоби раҳбари нави Афғонистон ба ҷойи Ҳомид Карзай, ки мӯҳлати раёсаташ соли оянда анҷом меёбад, моҳи апрели соли 2014 сурат мегирад.

Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай аз қавми паштун аст, ки беш аз нисфи аҳолии Афғонистонро ташкил медиҳад. Ӯ нахустин сиёсатмадори аршад аст, ки дар бораи нияташ барои сарвари Афғонистон шудан хабар додааст.

Ашраф Ғанӣ дар ИМА таҳсил ва чанд сол дар Бонки ҷаҳонӣ кор кардааст. Ӯ соли 2002 то соли 2004 вазири молияи Афғонистон буд. Сиёсатмадор рӯзи якшанбе аз мақоми раиси Шӯрои ҳамоҳангсози интиқолӣ, ки ба мавзӯи эҳёи комили истиқлоли Афғонистон баъд аз суқути режими Толибон машғул аст, истеъфо дод.

Дар интихоботи гузаштаи раёсатҷумҳурии Афғонистон соли 2009 Ашраф Ғанӣ ба дарёфти ҳамагӣ се дар сади раъйҳои интихобокунандагон муваффақ шуда буд.
XS
SM
MD
LG