Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати се ҷангҷӯ аз зарбаи ҳавопаймои бесарнишин


Дар шимолу ғарби Покистон бар асари зарбаи ҳавопаймои бесарнишин ба пойгоҳи ифротгароҳо се ҷангҷӯ кушта шуданд. Минтақаи Даттахел дар Вазиристони Шимолӣ, ки мавриди зарба қарор гирифтааст, аз сӯи гурӯҳи фармондеҳ Ҳафиз Баҳодур ва шабакаи Ҳаққонӣ назорат мешавад. Ҳарду созмон пайваста ба нерӯҳои Эътилофи байнулмилалӣ дар қаламрави Афғонистони ҳамсоя ҳамла мекунанд.

Ин дуввумин зарбаи ҳавопаймоҳои бесарнишин ба пойгоҳҳои гурӯҳҳои ифротгаро дар Покистон аст.

Дар бораи ба кадом кишвар мутааллиқ будани ин ҳавопаймоҳо расман хабар дода намешавад, аммо гуфта мешавад, ки онҳо амрикоиянд. Исломобод чандин бор ба истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин аз сӯи Вошингтон дар ҳамла ба пойгоҳҳои ҷангҷӯён дар Покистон эътироз карда гуфтааст, ки дар ин ҳамлаҳо бештар мардуми осоишта кушта мешаванд.
XS
SM
MD
LG