Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Асад: Талабҳои қатъномаи Шӯрои амниятро иҷро мекунем


Мақомоти Сурия ҳама талабҳои қатъномаи Шӯрои амнияти СММ-ро иҷро ва захираи силоҳи кимиёвии кишварро маҳв хоҳанд кард. Изҳороти раисиҷумҳур Башор Асад дар ин бора дар мусоҳиба бо як шабакаи телевизионии Италия садо дод.

Ӯ афзуд, беҳбуди равобит миёни Эрону ИМА метавонист дар ҳалли бӯҳрони Сурия ва мушкилоти ҳама минтақа нақши мусбат дошта бошад. Башор Асад ҳамчунин гуфт, бештари кишварҳои аврупоӣ имкон надоранд, ки дар таҳияи конфаронси сулҳи Женева саҳм бигиранд. Қарор аст, ки ин нишаст моҳи ноябр баргузор шавад.

Рӯзи ҷумъа Шӯрои амнияти СММ бо як овоз аз тарҳи қатънома дар бораи дар ихтиёри ҷомеъаи ҷаҳонӣ гузоштани захираи силоҳи кимиёвии Сурия пуштибонӣ кард.

Рӯзи сешанбе тақрибан 20 нозири Созмони манъи силоҳи кимиёвӣ вориди Димишқ мешаванд. Қарор аст, ки онҳо то охири моҳи октябр дар бораи захираи силоҳи кимиёвии Сурия гузориши муфассал таҳия кунанд. Намояндаи ин созмон гуфтааст, онҳо барои шакку шубҳа оиди эҳтимоли аз сӯи мақомоти Сурия махфӣ кардани захираи силоҳи кимиёвӣ ягон асос надоранд.
XS
SM
MD
LG