Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон омодаи музокира аст, аммо ба як шарт


Муовини вазири умури хориҷии Эрон гуфтааст, кишвараш ҳозир аст, масъалаи маҳдуд кардани ғанисозии ураниумро баррасӣ кунад, вале аз ин кор ба таври комил даст нахоҳад кашид. Аббос Арақчӣ, рӯзи шанбе дар мусоҳиба бо телевизиони давлатии Эрон гуфт, ки “чаҳорчӯб, сатҳ, ҳаҷму шакл ва макони ғанисозӣ қобили музокира ҳаст”, аммо ба ин шарт, ки Ғарб ҳаққи Эрон ба ғанисозиро эътироф кунад. Пеш аз ин мақомоти Эрон ва қудратҳои ҷаҳонӣ сари чаҳорчӯби музокироти ҳастаӣ дар Ню Йорк гуфтугӯ карданд. Қарор аст, ин музокирот рӯзҳои 15-ум ва 16-уми октябр дар шаҳри Женева сурат бигирад. Кишварҳои ғарбӣ мехоҳанд, Эрон таъсисоти зеризаминии ғанисозии ураниумро бубандад ва танҳо ураниумке ҳосил кунад, ки барои нерӯгоҳҳои барқи атомӣ лозим аст, на бештар аз ин. Теҳрон мегӯяд, ки барномаҳои атомиаш сулҳомез аст ва на барои сохти бомби атомӣ.
XS
SM
MD
LG