Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гулхани бозиҳои олимпиро дар Юнон афрӯхтанд


Рӯзи якшанбе гулхани бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар шаҳри Сочиро дар Олимпияи бостонии Юнон афрӯхтанд ва сафари тулонии гулхан низ шурӯъ шуд. Баъди тарки Афина, гулхан рӯзи 6 октябр ба Маскав хоҳад расид ва дар саросари Русия дар миёни 14 ҳазор нафар аз даст ба даст хоҳад гузашт. Бори аввал аст, ки дар муддати 123 рӯзи сафар гулхани олимпӣ зери Кули Байкал, аз онҷо ба Қутби Шимол ва сипас ба фазо хоҳад рафт. Дар ниҳоят гулхан рӯзи ҳафтуми феврал дар маросими ифтитоҳи бозиҳои олимпӣ ба шаҳри Сочӣ хоҳад расид.
XS
SM
MD
LG