Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама қарори ҷумҳурихоҳонро вето мекунад?


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, қасд дорад, тарҳи қонунеро вето гузорад, ки вакилони Ҳизби Ҷумҳурихоҳ дар Маҷлиси Намояндагон қабул карданд. Бар асоси ин санад, бояд маблағгузории барномаи бима ва ё суғуртаи саросарии тиббии аҳолии Амрико, ки Барак Обама қабул карда буд, барои як сол боздошта шавад. Қарори мазкур ҳамчун шарти қабули тарҳи буҷаи давлати Амрико пешниҳод шудааст, вале ҳукумати Обама ва Ҳизби Демократ онро қабул надорад. Дар Амрико соли молӣ рӯзи 30 сентябр ба анҷом мерасад ва дар сурати қабул нашудани тарҳи буҷа мумкин аст, баъзе аз сохторҳои давлатӣ аз кор монанд.
XS
SM
MD
LG