Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбарони Ҳинду Покистон мулоқот мекунанд


Интизор меравад, рӯзи якшанбе сарони Ҳинду Покистон бо ҳам дар шаҳри Ню Йорк мулоқот кунанд. Маҳмоҳан Сингҳ, нахуствазири Ҳинд ва Навоз Шариф, ҳамтои покистонии ӯ дар ҳошияи нишасти Маҷмаи Умумии Созмони Милал дидор хоҳанд кард. Баъди расидан ба мақоми нахуствазир дар моҳи май бори аввал аст, ки Навоз Шариф бо Маҳмоҳан Сингҳ мулоқот мекунад ва шояд ин мулоқоти охири онҳо бошад, чун даври раёсати нахуствазири Ҳинд ба зудӣ поён меёбад. Мулоқот дар замоне сурат мегирад, ҳамлаҳои тундравон дар вилояти ҷанҷолбарангези Кашмир авҷ гирифтааст. Аз ин пеш, дар рӯзи ҷумъа нахуствазири Ҳинд дар мулоқот бо Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, Покистонро «конуни террор» хонд ва ҳамин гуфтаашро дар рӯзи шанбе дар Маҷмаи Умумии Созмони Милал такрор кард.
XS
SM
MD
LG