Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даҳҳо паноҳҷӯ дар наздикии Индонезия ғарқ шудаанд


Бар асари ғарқ шудани як киштии паноҳҷӯён дар соҳилҳои Индонезия бештар аз 50 нафар куштаву бенишон шудаанд. Фалокат рӯзи ҷумъа ба вуқӯъ пайваст, вале маъмурони имдодии Индонезия ва Австралия ҷустуҷӯи афроди ғарқшуда ва ё бозмондагони ҳодиса рӯзи якшанбе низ идома доданд, аммо умеди зиёде надоранд, ки касеро зинда пайдо мекунанд. Дар натиҷаи ғарқ шудани қаиқи паноҳҷӯён, ки мехостанд, ба Австралия бираванд, то кунун 21 нафар, ба шумули 7 кӯдак кушта шудаанд. маъмурони имдодӣ 28 паноҳҷӯро, ки аксаран аз Лубнону Ироқ ва Эрон будаанд, наҷот доданд. Маълум нест, дар маҷмӯъ дар қаиқ чанд паноҳҷӯ будааст, аммо мақомоти Индонезия мегӯянд, мумкин аст, теъдоди онҳо то 120 нафар буд. Бозмондагони фалокатро ба маркази нигаҳдории паноҳҷӯён ба Индонезия хоҳанд бурд.
XS
SM
MD
LG