Пайвандҳои дастрасӣ

Истиқболи "гарму сарди" Рӯҳонӣ дар Эрон


Ҳасан Рӯҳонӣ, рӯзи шанбе баъди ширкат дар нишасти Маҷмаи Умумии Созмони Милал ба Теҳрон баргашт.

Ҳасан Рӯҳонӣ, рӯзи шанбе баъди ширкат дар нишасти Маҷмаи Умумии Созмони Милал ба Теҳрон баргашт.

Ҳасан Рӯҳониро барои гуфтугӯяш бо Барак Обама садҳо нафар бо хушҳолӣ ва гурӯҳе бо хашму эътироз пешвоз гирифтанд.

Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эронро, баъди сӯҳбати таърихиаш бо Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи шанбе дар ватанаш ҳам бо хушӣ ва ҳам бо хашм истиқбол карданд. Ба гуфтаи матбуоти Эрон, садҳо нафар барои истиқболи Рӯҳонӣ дар фурудгоҳи шаҳри Теҳрон ҷамъ шуданд ва гурӯҳи сад нафарии мухолифони тундрави ӯ ҳам дар инҷо ҷамъ омада ва бо шиорҳои “Марг ба Амрико” ба самти мошинҳои ӯ санг ва тухм партоб кардаанд. Ҳасан Рӯҳонӣ баъди бозгашт дар Теҳрон изҳор дошт, ки дар гуфтугӯ бо Обама ба масъалаи ҳастаии Эрон тамаркуз кардааст:

“Баҳсе, ки мо бо оғои Обама дар телефон доштем, умдатан масъалаи ҳастаӣ буд. Ман гуфтам, дар он телефон, ки масъалаи ҳастаии Эрон на танҳо ҳаққи мардуми Эрон аст ва на танҳо баҳси тавсаии Эрон аст, балки болотар баҳси ғурури миллии миллати Эрон аст. Эшон гуфт, ки мо ҳуқуқи ҳастаии мардуми Эронро азъон дорем. (мепазирем)”

Ҳангоми суханронӣ дар нишасти Маҷмаи Умумии Созмони Милал дар шаҳри Ню Йорк, Ҳасан Рӯҳонӣ аз тағйири мавзеъи Эрон дар робита ба барномаҳои атомии кишвар аломат дод. Ӯ рӯзи ҷумъа 15 дақиқа бо Барак Обама гуфтугӯи телефонӣ дошт. Аммо ин ҳаракати ӯ дар Эрон на ба ҳама писанд омад ва бахусус ба гурӯҳҳои тундрави муҳофизакор. Ба навиштаи хабаргузории нимарасмии Меҳр, яке тазоҳургарон ба сӯи мошини раиси ҷумҳури Эрон кафш партоб кардааст, ки дар ҷомеаҳои мусулмонӣ тавҳини бисёр бад маҳсуб мешавад. Баъзе аз онҳое дар назди фурудгоҳи Теҳрон ҷамъ омада буданд, шиор додаанд, ки “Муколама бо шайтон дурандешӣ ва умед нест.” Дар Эрон матбуоти расмӣ Амрикоро “Шайтони Бузург” меноманд ва “дурандешӣ ва умед” аз шиорҳои пешазинтихоботии Ҳасан Рӯҳонӣ буд.


Баъди Инқилоби Исломии Эрон дар соли 1979, то кунун ҳеҷ яке аз раҳбарони Амрикову Эрон бо ҳам гуфтугӯ накарда буданд. Баъди гуфтугӯи телефонӣ, Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико гуфт, умедвор аст бо Рӯҳонӣ дар мавриди барномаҳои атомии Эрон ва рафъи нигарониҳои ҷомеаи байналмилал аз ин барномаҳо ба мувофиқа бирасанд:

Аксе дар таърих хоҳад монд, акси гуфтугӯи Обама ва Рӯҳонӣ.

Аксе дар таърих хоҳад монд, акси гуфтугӯи Обама ва Рӯҳонӣ.

“Ман бовар дорам, ки замина барои ҳалли масъала вуҷуд дорад. Раҳбари олии Эрон алайҳи сохти таслиҳоти ҳастаӣ фатво додааст. Раиси ҷумҳур Рӯҳонӣ ҳам ишора кард, ки Эрон ҳеҷ гоҳ силоҳи ҳастаӣ намесозад. Ман возеҳ кардам, ки дар сурати пойбандии Эрон ба тааҳудоташ мо ба ҳаққи мардуми Эрон ба нерӯи сулҳомези атомӣ эҳтиром мегузорем.”

Барак Обама афзуд, ки ӯ ва Рӯҳонӣ ба масъулони давлатҳояшон дастур додаанд, ки дар пайи созише дар ин замина бишаванд. Мақомоти Амрико гуфтанд, ки гуфтугӯи телефонии ду раҳбар бо дархости эрониён сурат гирифтааст ва масъалаи аслиаш ҳам барномаҳои атомии Эрон буд. Рӯҳонӣ ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигорон дар шаҳри Ню Йорк гуфт, ки Эрон барномаеро барои ҳалли бӯҳрони атомӣ моҳи октябр дар нишасте бо қудратҳои ҷаҳонӣ пешниҳод хоҳад кард. Қарор аст, музокироти Эрон бо гурӯҳи 5+1, ки Амрикову Чин, Русияву Фаронса ва Бритониёву Олмон дар он шомиланд, дар шаҳри Женева баргузор шавад.

Рӯҳонӣ ваъда додааст, ки танишҳо дар робита ба барномаҳои атомии Эронро коҳиш хоҳад дод ва мақомоти Созмони Милал гуфтаанд, ки аломатҳои ташвиқкунандае аз тарафи Эрон мебинанд. Зоҳиран ташаббусҳои Ҳасан Рӯҳонӣ аз тарафи Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон, дастгирӣ мешавад. Чанде аз рӯҳониёни бонуфуз ва вафодор ба Алии Хоманаӣ дар намози рӯзи ҷумъа, аз “нармиши қаҳрамононаи“, ибораи раҳбари Эрон ҳимоят кардаанд, ки ишорае ба боз будани Эрон барои муколама аст. Кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, ки Эрон мехоҳад пинҳонӣ силоҳи атомӣ бисозад, вале Теҳрон ин иддаоро рад мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG