Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муноқиша миёни миллатгароён ва муҳоҷирон дар Маскав


Дар муноқишае ки миёни муҳоҷирони меҳнатӣ ва як гурӯҳ ҷавонон, ки аз онҳо миллатгароён ном бурда мешавад, мақомот дастикам 60 нафарро боздошт кардааст.

Ҳодиса соати 20:00 рӯзи 27-уми сентябр дар хобгоҳе, ки дар он муҳоҷирони меҳнатии Осиёи Миёна зиндагӣ мекарданд рух додаст. Гуфта мешавад тақрибан 25-30 фаъоли гурӯҳи «Сипар ва шамшери Маскав» ба хобгоҳи муҳоҷирон ворид шуда ғавғо бардошта ба муҳоҷирон ҳамла мекунанд.

Шоҳидони ҳодиса мегӯянд ҷавонони ин гурӯҳ ба бинои хобгоҳ ворид шуда аз тоҷикон ҳуҷат талаб кардаанд. Вале муҳоҷирон ба кӯча баромадаанд, ки дар натиҷа миёни онҳо муноқиша ба амал омадааст.

Мақомоти ин шаҳр гуфтаанд, дар навори видеои, ки дар рафти муноқиша сабт карда шудааст дида мешавад, ки миллатгароён бо оҳанпораву чубдастҳо вориди бино шудаанд ва дарҳои ҳуҷраҳоро бетартибона задаанд. Ба гуфтаи шоҳидони ҳодиса муноқиша баъд аз он ки як доғистонӣ тир мепаронад сар мезанад. Дар натиҷа як миллатгаро ҷароҳат мебардорад.

Мақомоти умури дохилии шаҳри Маскав баъд аз ним соат ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда дастикам 60 нафарро боздошт карда ба идораи пулис бурдаанд, ки дар миёни онҳо 47 нафарашонро кормандони ин хобгоҳ ташкил мекунад.
XS
SM
MD
LG