Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтугӯи бесобиқаи раиси ҷумҳури Амрикову Эрон


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико бо Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон гуфтугӯи телефонӣ кард, ки нахустин муколамаи раҳбарони ду кишвар дар муддати бештар аз 30 соли ахир аст. Баъд аз ин гуфтугӯ, Барак Обама изҳор дошт, ки Эрон Амрико метавонанд, сари барномаҳои баҳсбарангези атомии Эрон ба созиш бирасанд. Ӯ афзуд, ки ҳамроҳ бо Рӯҳонӣ ба масъулони ҳукумат дастур додаанд, ки дар пайи як чунин созише бишаванд. Раиси ҷумҳури Амрико ҳамчунин гуфт, ки сиёсаташро бо ҳампаймонҳои наздики худ, аз ҷумла Исроил, ки Эрони мусаллаҳ бо бомби атомиро хатаре ба мавҷудияти худ медонад, ҳамоҳанг хоҳад кард. Аз ин пештар Ҳасан Рӯҳонӣ гуфт, кишвараш хоҳони ҳалли баҳси барномаҳои атомиаш аст ва Эрон қасди сохти бомби атомӣ надорад. Баъди бозгашт ба Теҳрон аз Ню Йорк, аз нишасти Маҷмаи Умумии Созмони Милал, гурӯҳе аз тарафдорону мухолифони тундраваш Рӯҳониро пешвоз гирифтаанд. Бино ба гузоришҳо, аз гурӯҳи муҳофизакорони тундрав касе ба самти мошинҳои раиси ҷумҳури Эрон кашф партоб кардааст.
XS
SM
MD
LG