Пайвандҳои дастрасӣ

Қатънома дар бораи Сурия дар ниҳоят қабул шуд


Аъзои Шӯрои Амнияти Созмони Милал якдилона ба тарафдории қатъномае раъй додаанд, ки аз Сурия мехоҳад, тамоми захираҳои аслиҳаи кимиёиашро нобуд кунад. Дар ин санад омадааст, дар сурати иҷро накардани талабҳои Шӯрои Амният, Сурия подоши нофармониашро хоҳад дид, вале барои ингуна иқдом низ бояд қатъномаи дигаре дар шӯро қабул шавад. Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, гуфт, агар собит шавад, ки Сурия талаби маҳви аслиҳаи кимиёӣ иҷро накардааст, Шӯрои Амният алайҳи он кишвар иқдом хоҳад кард. Қабули қатънома дар Шӯрои Амният баъди музокироти сахт ва чандҳафтани Амрикову Русия муяссар шуд. Баъди ҳамлаи маргбор бо аслиҳаи кимиёӣ дар ҳошияи шаҳри Димишқ дар рӯзи 21 август, Русияву Амрико ба мувофиқа расиданд, ки Сурия бояд таҳти назари ҷомеаи байналмилал захираҳои аслиҳаи кимиёии худро нобуд кунад. Дигар ин ки Бан Ки Мун дабири кулли Созмони Милал гуфт, қудратҳои ҷаҳонӣ, қасд доранд, то охири моҳи ноябр конфронсеро барои баррасии шеваҳои расидан ба сулҳ дар Сурия баргузор кунанд.
XS
SM
MD
LG