Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ин марзбонон дар робита ба парвандаи пурсарусадои ҳалокати Парвиз Вазирбеков, як навраси сокини ноҳияи Дарвоз ҷазо гирифтанд.

Коллегияи ҳарбии Додгоҳи олии Тоҷикистон як афсар ва ду сарбози воҳиди марзбонии воқеъ дар ноҳияи Дарвозро дар робита ба ҳалокати як сокини ноболиғи ин ноҳия аз ду то ба чаҳор соли зиндон маҳкум кард. Парвандаи мазкур ба марги пурсарусадои Парвиз Вазирбекови 14-сола рабт мегирад, ки шоми 1-уми майи соли равон баъди ворид шудан ба ҳудуди қисми марзбонӣ бенишон шуд ва сипас ҷасадашро дар рӯдхонаи Панҷ пайдо карданд.

Ба гуфтаи манбаъи Радиои Озодӣ, тафтишот собит кардааст, ки Парвизи ноболиғ барои дуздии бензин ба ҳудуди қисми марзбонӣ даромада ва зимни дуздӣ тасодуфан ба дохили бушкаи бензин меафтад ва ҳалок мешавад. Коллегияи ҳарбӣ ҳеҷ яке аз сарбозон ва ё афсаронро дар қатли Парвиз Вазирбеков, гунаҳкор надонист ва Баҳриддин Пирматов сарбози қаториро бо гуноҳи ҷалби ноболиғ ба дӯздӣ, талош барои дуздӣ ва дар хатар мондани ҳаёти инсон ба чаҳоруним соли зиндони маҳкум кард.

Сарбози дигар Иззатҷон Ашӯрматов низ бо гуноҳи талош барои дуздӣ ва ба хатар андохтани ҳаёти инсон ба мӯҳлати ду сол аз озодӣ маҳрум шуд. Мамадалӣ Зиёев, афсари дигари воҳиди марзбонии ноҳияи Дарвозро ба мушорикат дар дуздии амволи давлатӣ ва сӯистифода аз ваколати мансабӣ гунаҳкор дониста ва ӯро ба дувуним соли зиндон маҳкум карданд.

Коллегияи ҳарбии Додгоҳи Олӣ, Амирбек Давлатов, афсари дигари қисми марзбониро ба сӯистифода аз мақом гунаҳкор донист ва ӯро ду соли зиндони шартӣ, бо маҳдуд кардан дар хидмати ҳарбӣ маҳкум кард ва амр дод, ки 20 дар сади музди кораш дар ин муддат ба фоидаи давлат ситонида шавад. Агарчӣ ин афрод баъди огаҳӣ ёфтан аз ҳалокати Парвиз Вазирбеков, ҷасади ӯро ба рӯдхонаи Панҷ андохтаанд, вале маълум нест, ки онҳоро дар пинҳон доштани ҷиноят гунаҳкор донистаанд ва ё не?

Волидони Парвиз Вазирбеков баъди ҳалокати ӯ, сарбозонро гунаҳкори марги писари худ хонда буданд, вале тафтишот мегӯяд, ки ин иддао собит нашуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG