Пайвандҳои дастрасӣ

Таркишҳо дар канори ду масҷиди сунниҳо дар Бағдод


Дар Бағдод, пойтахти Ироқ, дар канори ду масҷиди суннимазҳабҳо таркишҳо рӯй доданд ва мунҷар ба ҳалокати 6 нафар шуданд. Ба иттилои полис, дар маҳаллаи Ал-Давра, воқеъ дар ҷануби шаҳр, бомб дар ҳоле инфиҷор шуд, ки намозгузорон аз масҷид берун мешуданд. Як таркиши дигар дар канори масҷиди воқеъ дар ғарби Бағдод рӯй дод. Мақомот аз он нигаронанд, ки шояд теъдоди кушташудагон афзоиш ёбад.

Як ҳафта пеш ҳам баъд аз намози ҷумъа дар канори як масҷиди сунниҳо дар як шаҳраки воқеъ дар шимоли Бағдод таркиш рӯй дод ва боиси ҳалокати 18 нафар шуд.
XS
SM
MD
LG