Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таркиши автобуси кормандони давлатӣ дар Покистон


Дар канори шаҳри Пешовар, воқеъ дар шимолу ғарби Покистон, бар асари таркиши автобус бо кормандони ҳукуматӣ дасти кам 17 нафар ба ҳалокат расиданд.

Ба иттилои Радиои Машъал, бахши покистонии Радиои Озодӣ, дар ин ҳодиса 40 каси дигар ҷароҳат бардоштанд ва табибон вазъи баъзе маҷрӯҳонро вахим арзёбӣ мекунанд.

Би-Би-Си хабар додааст, ки дар таркиши автобус 15 нафар ҷон бохтаанд.

Мақомоти маҳаллӣ гуфтанд, ки бомбро афроди ношинос аз дур тарконидаанд.

Масъулияти ҳамларо ҳанӯз касе ё гурӯҳе бар ӯҳда нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG