Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳси қатъномаи марбут ба Сурия дар Шӯрои Амният


Аъзои Шӯрои Амнияти СММ шоми панҷшанбе баррасии тарҳи қатънома дар бораи шароити аз сӯи Сурия дар ихтиёри ҷомеъаи ҷаҳонӣ гузоштани силоҳи кимиёвӣ ва маҳви минбаъдаи онро шурӯъ карданд. Баррасӣ чанд соат баъд аз он шурӯъ шуд, ки намояндагони ИМА ва Русия дар бораи ҳамоҳангсозии ин тарҳ хабар доданд.

Ба иттилои хабарнигори Радиои Озодӣ, дар тарҳи қатънома фақат истифодаи силоҳи кимиёвӣ маҳкум шуда ва дар он аз касе ё гурӯҳе ном бурда нашудааст. Аммо дар пешнавис рӯшану возеҳ гуфта шудааст, ки Ҷумҳурии Араби Сурия ва дигар гурӯҳҳои мустақар дар ин кишвар бояд аз истифода силоҳи кимиёвӣ даст бардоранд, Димишқ набояд ин силоҳро истифода кунад ё ба дигар кишварҳо интиқол диҳад. Дар сурати халалдор кардани ин ӯҳдадорӣ алайҳи Димишқ, бар пояи банди 7 Ойинномаи СММ, аз таҳримҳои шадид ё истифода аз нерӯ кор гирифта мешавад. Аммо, тавре дипломатҳо гуфтаанд, барои ин қатъномаи махсуси Шӯрои амният зарур хоҳад буд.

Масъулияти назорат аз болои раванди маҳви силоҳи кимиёвии Сурия бар ӯҳдаи Созмони манъи силоҳи кимиёвӣ вогузор шудааст.

Қарор аст, ки қатънома рӯзҳои наздик, баъд аз сӯи мутахассисон ироа шудани нақшаи дақиқи кор дар Сурия, пазируфта шавад.
XS
SM
MD
LG