Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Белгород муҷассамаи Солженитсин ифтитоҳ шуд


Дар шаҳри Белгород нахустин дар Русия муҷассамаи адиби маъруф Александр Солженитсин ифтитоҳ шуд. Пайкара дар хиёбони барандаҳои ҷоизаи Нобел дар Донишгоҳи давлатии Белгород дар паҳлӯи муҷассамаҳои Иван Бунин ва Михаил Шолохов гузошта шудааст. Волии вилояти Белгород Евгений Савченко мутмаин аст, ки дар ин хиёбон муҷассамаҳои дигар барандаҳои ҷоизаи Нобел Иосиф Бродский ва Борис Пастернак ҳам бояд бошанд.

Пайкарасоз Александр Солженитсинро дар ҳоле тасвир кардааст, ки рӯи курсӣ нишаста дар даст китоб дорад.

Александр Солженитсин соли 1970 ба дарёфти ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт комёб шуда буд. Адиби маъруф, ки солҳои зиёдеро дар лагерҳои сталинӣ сипарӣ карда, барои асарҳо дар бораи ин лагерҳо аз Иттиҳодияи Шӯравӣ ронда шуда буд, баъд аз бозсозии Горбачев “авф” шуд ва соли 1994 ба Русия баргашт. Ӯ соли 2008 дар Маскав дар синии 89-солагӣ оламро падруд гуфт.
XS
SM
MD
LG