Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Истиқболи Керрӣ аз лаҳни мусбат дар гуфтугӯ бо Теҳрон


Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии ИМА, аз “лаҳни нави мусбат” дар музокирот бо Эрон оид ба барномаи ҳастаии кишвар изҳори қаноатмандӣ кард. Изҳороти ӯ дар ин бора баъд аз мулоқоти кӯтоҳи танҳо ба танҳо бо ҳамтои эронияш Муҳаммад Ҷавод Зариф садо дод.

Ин мулоқот, ки нахустин сӯҳбати сарони идораҳои сиёсати берунаи Амрико ва Эрон аз соли 2007 ба ин сӯ маҳсуб мешавад, дар қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк, баъд аз анҷоми нишасти “шашгона” – панҷ узви доимии СММ ба изофаи Олмон бо Эрон баргузор шуд. “Мо мулоқоти созандае доштем”, изҳор намуд Керрӣ дар робита ба нишасти “шашгона” оид ба барномаи ҳастаии Эрон. Аммо, афзуд ӯ, фақат як мулоқот наметавонад нигарониҳои ҷомеъаи ҷаҳонӣ аз барномаи ҳастаии Эронро аз байн бубарад.

Кэрин Эштон, масъули умури сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо, ки раёсати нишастро бар ӯҳда дошт, музокирот бо Эронро "пурмӯҳтаво" номид ва хабар дод, ки гуфтушунидҳо рӯзҳои 15-16 октябр дар Женева идома меёбанд.
XS
SM
MD
LG