Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷиргатол ва Нуробод


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба ноҳияи Ҷиргатол ташриф овард ва нахуст аз намоишгоҳи кишоварзӣ дар фурдугоҳи ноҳия ошно шуд.

Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, сипас Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни ҷамъоварии картошка шинос шуда ва дар расми ифтитоҳи табобатгоҳи замонавӣ ва маркази варзишиву фароғатии ноҳияи Ҷиргатол ширкат кард.

Ҳамчунин ин манбаъ меафзояд, раиси ҷумҳур бо ҷараёни таълим дар муассисаи таълимии давлатии литсейи ноҳияи Ҷиргатол шинос гардида ва як қатор иншоотҳои хизматрасониро ифтитоҳ кард.

Ба иттилои ин манбаъ, пас аз маросими ба истифода додани боғи фарҳангӣ - фароғатӣ дар маркази ноҳияи Ҷиргатол, раиси ҷумҳур бо сокинони ин ноҳия мулоқот кард.

Сафари раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ноҳияи Нуробод идома дорад ва қарор аст вай бо вазъи иқтисодӣ - иҷтимоии мардум ошно шавад ва як қатор иншоотҳои хоҷагии халро ифтитох кунад.

Сафари президент Раҳмон ба минтақаи Рашт, рӯзи чоршанбе шурӯъ шуда буд ва дар ин муддат аз ноҳиия Рашту Тоҷикобод низ дидан кардааст.
XS
SM
MD
LG