Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Размоиши "Ҳифз-2013" дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон


Вазорати дифоъи Тоҷикистон аз размоиши муштараки алайҳи терористӣ "Ҳифз - 2013" дар тамрингоҳи "Чорухдайрон"-и вилояти Суғд, 30 километрии шаҳри Хуҷанд хабар дод.

Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифоъ рӯзи ҷумъаи 27 сентябр, ки аз маҳалли размоиш бо Радиои Озодӣ сӯҳбат мекард, гуфт, ҳадафи аслии ин размоиш "тақвияти ҳифзу ҳимояи марзи давлатӣ ва амнияти, сайқал додани маҳорати нерӯҳо дар мубориза алайҳи тероризм дар шароити куҳистон" аст.

Ба гуфтаи ҷаноби Маҳмадалиев, "размоиш бо ширкати беш аз 500 тан аз нерӯҳои низомӣ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва як воҳиди хурди тирандози куҳии неруҳои мусаллаҳи Қирғизистон ҳам аз лиҳози назариявӣ ва ҳам амалӣ ҷараён дорад".

Сухангӯи вазорати дифоъ мегӯяд, размоиш дар чорчуби барномаҳои муштараки ҳамкориҳои сохторҳои низомии Тоҷикистон ва Қирғизистон ва бо истифода аз силоҳу муҳимоти ҷангӣ, зиреҳпушҳову тупхонаҳо ва ҷангандаҳо сурат мегирад ва раҳбарии онро Рамил Нодиров, муовини аввали вазири дифоъи Тоҷикистон бар душ дорад.

Аммо ба гуфтаи Фариддин Маҳмадалиев, марҳалаи ниҳоии размоиш, ки қарор аст 2 октябр ҷамъбаст шавад бо ширкати Шералӣ Хайруллоев, вазири дифоъ, намояндаи низомии Қирғизистон ва ҳамчунин Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Суғд баргузор мешавад.

Ба иттилои масъулони вазорати дифоъи Тоҷикистон размоишҳои мутарак миёни нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳар сол баргузор мешавад.

Моҳи майи соли ҷорӣ размоиши "Ҳифз - 2013" дар қисмати шарқии Тоҷикистон, дар қаламрави вилояти Бадахшон доир шуда буд, ҳангоми тамринҳо аслиҳаи оташфишон, чархболҳо, нақлиёти зиреҳпӯш ва тӯпҳо истифода шудаанд.

Ҳадафи ин размоишро низ мақомот боло бурдани қобилияти ҷангии гарнизони ҳарбии Бадахшон дар ҳолати пеш омадани таҳдидҳои эҳтимолӣ унвон карда буд.

Аммо тамринҳо дар Бадахшон дар ҳоле сурат гирифта буд, ки Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон дар моҳи июни соли гузашта шоҳиди амалиёти неруҳои давлатӣ алайҳи гуруҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ гардида буд.

Чун ин амалиёт дар пайи куштори генерал Абдулло Назаров, сардори Раёсати амнияти миллии вилоят иттифоқ афтод ва бо кушта шудани ҳудуди 70 нафар ба анҷом расид.
XS
SM
MD
LG