Пайвандҳои дастрасӣ

Русия боздошти аъзои Гринписро тамдид кард


Як додгоҳи шаҳри Мурманск амр додааст, 6 аъзои созмони муҳитизистии Гринпис то замони таҳқиқи парвандаашон барои 2 моҳ дар боздоштгоҳ бимонанд. Ин тарафдорони покизагии муҳити зист аз Русияву Бритониё, Лаҳистон, Канада ва Зеландияи нав ҳастанд. Интизор меравад, ҳукми 25 узви дигари Гринпис низ ба зудӣ содир шавад. Ҳамаи онҳоро Посбонҳои Соҳилии Русия ҳафтаи гузашта бо киштии “Тулӯъи Арктика” боздошт карданд. Фаъолони Гринпис баъд аз он дастгир шуданд, ки хостанд ба як манораи нафткаши Русия дар Баҳри Печора бароянд. Мақомоти интизомӣ мехоҳанд, аъзои созмони мазкурро ба роҳзанӣ муттаҳам кунанд, ки барои ин дар Русия то 15 соли зиндон муқаррар шудааст.
XS
SM
MD
LG