Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Духтарони Ислом Каримов бо ҳам "қаҳрӣ" будаанд


Лола Каримова, духтари хурдии раиси ҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов, дар сӯҳбат бо телевизиони Би Би Си гуфт, ки 12 сол боз аст, бо хоҳараш Гулнора иртибот надорад. Лола Каримова намояндаи доимии Узбакистон дар ЮНЕСКО, муассисаи илм ва фарҳанги Созмони Милал буда, чанд сол аст, ки дар Фаронса зиндагӣ мекунад. Лола Каримоваи 35-сола ба Би Би Си гуфт, ки бо Гулнораи худхоҳ, ки ҳам овозхону ҳам тарроҳ аст, дар кӯдакиашон муносибати наздик надошт ва ҳоло ҳам иртиботе надорад. Лола Каримова ҳамчунин гуфт, ки шавҳараш Темур Тиллоев ба шарофати издивоҷ бо ӯ сарватманд нашудааст ва дороиашро худаш мустақилона бо тиҷорат дар Швейтсария ва Узбакистон ба даст овардааст.
XS
SM
MD
LG