Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аъзои Гринписро ба додгоҳ ҳозир мекунанд


Қарор аст, имрӯз 30 узви созмони муҳитизистии Гринпис барои баррасии сарнавишти ояндашон ба додгоҳҳои шаҳри Мурманск ҳозир кунанд. Додрасони Русия имрӯз ҳукм хоҳанд кард, ки ҳамаи ин 30 нафар, ки ба истиснои аз чаҳор тани онҳо, дигарашон хориҷӣ ҳастанд, дар додгоҳ бимонанд ва ё озод карда шаванд. Ин тарафдорони покизагии муҳити зистро рӯзи 18 сентябр ва баъди он боздошт карданд, ки хостанд, ба як манораи нафткаши Русия дар Баҳри Печора бароянд. Посбонҳои рус, онҳоро бо киштии созмони Гринпис мавсум ба “Тулӯъи Арктика” дастгир карданд. Мақомоти интизомӣ мехоҳанд, аъзои созмони мазкурро ба роҳзанӣ муттаҳам кунанд, ки барои ин дар Русия то 15 соли зиндон муқаррар шудааст.
XS
SM
MD
LG