Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми раиси ҷумҳури пешини Либерия таъйид шуд


Додгоҳи Байналмилалии Ҷурму Ҷиноят дар Гаага ҳукми Чарлз Тейлор, раиси ҷумҳури собиқи Либерияро, бетағйир гузошт, ки ӯро бо гуноҳи ҷиноятҳои ҷангӣ ба 50 соли зиндон маҳкум кардаанд. Чарлз Тейлорро, додгоҳи вижаи Созмони Милал барои Сйера Леоне, моҳи апрели соли 2012 ба ҷиноятҳои ҷангӣ, ҷиноят алайҳи башарият, терроризму қатлу куштору таҷовуз ва истифода аз кӯдакон барои сарбозӣ гунаҳкор дониста буд. Ба гуфтаи додгоҳ, Чарлз Тейлор ба шӯришиёне, ки дар Сйера Леоне ба ин корҳо даст мезаданд, кӯмак мекард. Вакилони дифоъи раиси ҷумҳури собиқи Либерия бо зикри хатоҳои ҳуқуқӣ зимни муҳокима аз ҳукми қаблӣ шикоят карда буданд.
XS
SM
MD
LG