Пайвандҳои дастрасӣ

Омодагӣ ба гуфтугӯи "нодири" Амрикову Эрон


Интизор меравад, имрӯз ду мақоми баландпояи Амрикову Эрон дар нишасте дар бораи барномаҳои баҳсбарангези атомии Эрон дар қароргоҳи Созмони Милал дар шаҳри Ню Йорк гуфтугӯ кунанд. Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон, имрӯз бо Ҷон Керрӣ, ҳамтои амрикоии худ ва дипломатҳои баландпояи Бритониёву Фаронса, Русияву Чин ва Олмон мулоқот хоҳад дошт. Аз ин пеш Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон дар мусоҳибае бо рӯзномаи "Вашингтон Пост" гуфт, умедвор аст, то се ва ё 6 моҳи дигар бо қудратҳои ҷаҳонӣ дар бораи барномаҳои баҳсбарангези атомии кишвараш ба мувофиқа бирасанд. Ҳасан Рӯҳонӣ гуфтааст, “агар ин масъала дар се моҳ ҳал шавад, ин интихоби Эрон аст, агар ба шаш моҳ ҳам кашад, ин ҳам хуб аст.” Раиси ҷумҳури Эрон афзудааст, ки раҳбари кишвараш Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, ба ӯ ихтиёри томро додааст, ки “музокироти ҳастаиро ниҳоӣ кунад.”
XS
SM
MD
LG