Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар бомбгузориҳои Бағдод 22 нафар кушта шуданд


Дар натиҷаи бомбгузориҳо дар гӯшаҳои мухталифи Бағдод, пойтахти Ироқ дасти кам 22 нафар ба шумули занону кудакон кушта шуданд. Даҳҳо нафари дигар дар ин ҳамлаҳо захм бардоштаанд. Танҳо дар як ҳамла ба маҳаллаи Сабо ал-Бур дар шимоли Бағдод 11 нафар ҷон додаанд. Ҳамлаву хунрезӣ дар Ироқ вақтҳои ахир авҷ гирифтааст ва танҳо дар ҳамин моҳ дар Ироқ тақрибан 700 нафар ва аз аввали сол то кунун бештар аз 4500 тан кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG