Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Асад: "Мумкин аст, Амрико ба Сурия ҳамла кунад"


Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия, мегӯяд, бо вуҷуди барномаи байналмилалии маҳви аслиҳаи кимиёии он кишвар, мумкин аст, Иёлоти Муттаҳида ба Сурия ҳамла кунад. Башор Асад ба телевизиони Венесуэла гуфт, сиёсати Амрико “рафтан аз як таҷовуз ба таҷовузи дигар” аст, ки ишорае ба дахолати Амрико ба муноқишаҳои Куриё, Вйетнам, Лубнон, Сомалӣ, Афғонистон ва Ироқ аст. Раиси ҷумҳури Сурия гуфт: “Ин дафъа баҳона аслиҳаи кимиёист, дафъаи оянда чизи дигар хоҳад буд.”Айни замон гуфт ӯ, кишвараш ба Аҳдномаи манъи истифодаи аслиҳаи кимиёӣ содиқ хоҳад буд ва ҳеҷ монеае дар иҷрои созиши имзошуда бо миёнҷигарии Амрикову Русия намебинад. Раиси ҷумҳури Сурия афзуд, эҳтимол дорад, ки шӯришиён, ки онҳоро Башор Асад террорист меномад, монеъи дастрасии нозирони Созмони Милал ба баъзе аз “маҳаллҳои муайян” шаванд.
XS
SM
MD
LG