Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯҳонӣ: "Умедворем масъала дар 3 моҳ ҳал шавад"


Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон, гуфтааст, умедвор аст, то се ва ё 6 моҳи дигар бо қудратҳои ҷаҳонӣ дар бораи барномаҳои баҳсбарангези атомии кишвараш ба мувофиқа бирасанд. Дар мусоҳиба бо рӯзномаи “Вашингтон Пост”, ки рӯзи чаҳоршанбе нашр шуд, Ҳасан Рӯҳонӣ изҳор гуфтааст, “агар ин масъала дар се моҳ ҳал шавад, ин интихоби Эрон аст, агар ба шаш моҳ ҳам кашад, ин ҳам хуб аст.” Ба қавли Ҳасани Рӯҳонӣ ҳалли бӯҳрони барномаҳои атомии Эрон бояд масъалаи моҳҳо бошад, на солҳо. Раиси ҷумҳури Эрон гуфтааст, ки раҳбари кишвараш Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, ба ӯ ихтиёри томро додааст, ки “музокироти ҳастаиро ниҳоӣ кунад.” Мусоҳибаи Ҳасан Рӯҳонӣ дар остонаи гуфтугӯҳои байналмилалӣ дар бораи барномаҳои атомии Эрон нашр шуд. Қарор аст дар ин гуфтугӯҳо, Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон ва Ҷон Керрӣ ҳамтоии амрикоии ӯ ҳузур дошта бошанд.
XS
SM
MD
LG