Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Оқил Оқилов дар СММ суханронӣ кард


Оқил Оқилов, нахуствазири Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ хост, дар масъалаи баҳрабардорӣ аз захираҳои оби минтақа аз наздик ҳамкорӣ кунанд. Ӯ дар нишасти Маҷмаи умумии Созмони Милал гуфт, чунин ҳамкорӣ ба манфиати мардуми тамоми минтақа хоҳад буд.
Ӯ афзуд: "Бо назардошти рушди иқтисодӣ ва афзоиши аҳолӣ ва набуди захираҳои бузурги газу нафт дар Тоҷикистон, тамоми талошро барои истифода аз манобеъи фаровони оби ва энержии худ ва тавлиди нерӯи барқ хоҳад кард, ки некӯаҳволии мардум ба он вобаста аст." Кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ ва бахусус Узбакистон нигаронанд, ки дар сурати бунёди нерӯгоҳи азими Роғун дар Тоҷикистон онҳо оби кофӣ нахоҳанд ёфт. Давлати Тоҷикистон мегӯяд, ин нигарониҳо асос надорад.
XS
SM
MD
LG