Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шартномаи чиниҳо бо ҳукумати Шурообод барои конҳои ангишту тилло


Ҳукумати Шӯрообод барои истихроҷи ангишт аз кони ангишти ин ноҳия бо ширкати чинии «ҶОЗО-ШИ ТОНҶИНТОНСУ» шартнома бастааст.

Амирхон Икромов, раиси ҳукумати ноҳияи Шӯрообод мегӯяд, тасмим аст, имсол истихроҷи ангиштро то расидани фасли сармо ба 3 ҳазор тона бирасонанд. Ба ин хотир ҳоло ширкати чинӣ бо техникаҳо замонавӣ ба коркарди ангишт оғоз кардааст.
Маҳсулоти кони ангишти Шӯрообод аслан, ба мактабҳои миёна ва беморхонаҳои минтақаи Кӯлоб тақсим мешавад. Бархе аз истифодабарандагон аз сифати нохуби он шикоят мекунанд, аммо Амирхон Икромов, раиси ноҳия мегӯяд,тибқи хулосаи Корхонаи воҳиди давлатии «Нафту газ» сӯзишнокии ангишти истеҳсоли ин ноҳия ба талабот пурра ҷавобгӯ ҳаст.

Феълан, ба ҷуз кони ангишт, инчунин дар Шӯрообод мутахассисони чинӣ 5 кони тиллоро мавриди истифода қарор додаанд. Ин конҳое буданд, ки пас аз барҳам хӯрдани Шӯравӣ то ҳол истифода намешуданд.
XS
SM
MD
LG