Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи 25-уми сентябр бозиҳои даври севуми мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё миёни футболбозони то 16-сола дар гурӯҳи «А» баргузор шуд.

Дар варзишгоҳи Алӣ Сабоҳ Ал-Салими пойтахти Кувайт ду бозӣ барпо гардид. Дастаи мизбон – Кувайт мунтахаби Бутанро бо ҳисоби 5:0 шикаст дод. Дар бозии дигар мунтахаби Ҳиндустон бар тими Лубнон бо ҳисоби 4:1 пирӯз шуд.

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон аз бозии даври севум озод буд. Ёдовар мешавем, ки футболбозони навраси тоҷик бозии нахустинашонро бо мунтахаби Ҳиндустон бо ҳисоби 1:1 анҷом дода, дар бозии дувум бар тими Бутан бо ҳисоби 12:0 ғолиб омада буданд.

Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии се даври мусобиқот дар гурӯҳи «А» тими Кувайт бо 6 имтиёз дар ҷойи аввал мебошад. Дастаҳои Тоҷикистон ва Ҳиндустон бо 4-имтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои дувуму севум қарор доранд. Лубнон бо 3 имтиёз дар ҷойи чорум аст. Бутан бидуни имтиёз дар зинаи охирин – панҷум ҷойгир шудааст.

Даври чоруми мусобиқот рӯзи ҷумъа, 27-уми сентябр баргузор мешавад. Мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи мизбон – Кувайт рақобат мекунад. Пеш аз ин бозӣ дастаҳои Ҳиндустон ва Бутан қувваозмоӣ хоҳанд кард.

Мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё миёни наврасон (U-16).
Гурӯҳи«А». Даври 3-юм.


Кувайт - Бутан - 5:0
Голҳо: Холид, 10 (1:0). Холид, 18 (2:0). Салим, 43 (3:0). Машъал, 57 (4:0). Салим, 76 (5:0).

Ҳиндустон - Лубнон - 4:1
Голҳо: Нуриддин, 10 (1:0). Ҷаянанда Мойрангтҳем, 45 (2:0). Алӣ Хароубӣ, 58 (2:1). Анирудҳ Тҳапа, 62 (3:1). Беда Швор Лаишрам, 66 (4:1).

Тақвими бозиҳои боқимонда:
Даври 4-ум
27-уми сентябр (ҷумъа)
18.50 – Ҳиндустон – Бутан
22.00 – Тоҷикистон – Кувайт

Даври 5-ум
29-уми сентябр (якшанбе)
18.50 – Лубнон – Тоҷикистон
22.00 – Кувайт – Ҳиндустон
Эзоҳ: замони оғози бозӣ - ба вақти Душанбе.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG