Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти шаҳрванди Туркманистон дар шимоли Тоҷикистон


Ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон як шаҳрванди 50 солаи Туркманистонро дар қаламрави вилояти Суғд, дар шимоли ин кишвар боздошт кардаанд.

Масъулони Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки "ин шаҳрванди Туркманистон аз суи кормандони шуъбаи минтақавии мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд, дар қаламрави ноҳияи Спитамен боздошт шудааст".

Ба гуфтаи ин манбаъ, шаҳрванди Туркманистон аз соли 1996 ба иттиҳоми куштор дар ҷустуҷуи байналмилалӣ қарор доштааст.

Ҳамакнун масъулони раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд мегӯянд, масъалаи истирдоди ин шаҳрванди Турманистонро додситонии кулли Тоҷикистон ҳал хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG