Пайвандҳои дастрасӣ

Додраси Додгоҳи Олӣ дар як сӯиқасд кушта шуд


Дар шаҳри Махачқалъа, пойтахти ҷумҳурии Доғистони Русия, бар асари сӯиқасд додраси Додгоҳи Олӣ Мухтор Шапиев ва писари ӯ ба ҳалокат расиданд. Мошини онҳо шоми чаҳоршанбе мавриди тирборони афроди мусаллаҳи ношинос қарор гирифт.

Ба иттилои раёсати Кумитаи тафтишоти Русия дар Доғистон, Шапиев ва писараш аз тирборон ҷароҳати сангин бардоштанд ва дар бемористон аз олам даргузаштанд. Гуфта мешавад, як гурӯҳи чанднафара сӯи мошини онҳо оташ кушодааст.

Тафтиши ҳодиса шурӯъ шудааст.
XS
SM
MD
LG