Пайвандҳои дастрасӣ

Теъдоди қурбониёни зилзила дар Покистон афзоиш ёфт


Теъдоди қурбониёни заминларзаи мудҳиш дар Балуҷистони Покистон, ба иттилои расмӣ, ба 328 нафар расид. Бар асари ин зилзилаи нерӯяш 7,7 дараҷаи Рихтер беш аз 450 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд ё осеб дидаанд.

Ба навиштаи расонаҳои маҳаллӣ, рӯзи чаҳоршанбе дар минтақаи кӯҳии Кеч садҳо хонаҳои лойӣ фурӯ рехтанд ва беш аз чиҳил нафар зери оворҳои онҳо монданд. Аз ин пеш дар маркази зилзила, дар минтақаи Оворон, ҷасади 285 нафар ошкор карда шуд. Заминларза дар шаҳри Қарочӣ ва дар Деҳлӣ, пойтахти Ҳиндустон ҳам эҳсос шуд.

Мақомоти Покистон хабари баъд аз зилзила дар наздикиҳои бандари Гвадар дар баҳри Араб пайдо шудани як ҷазираи на он қадар бузургро тайид карданд.

Дар Балуҷистон заминларза зиёд рӯй медиҳад. Моҳи апрели соли равон зилзила дар мавзеъҳои ҳаммарз бо Эрони вилоят боиси ҳалокати 35 нафар шуд. Мудҳиштарин заминларза дар ин минтақаи Покистон соли 1935 рӯй дода буд – он вақт офати табиӣ мунҷар ба марги 60 ҳазор нафар шуда буд.
XS
SM
MD
LG