Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳаводиси Найробӣ дастаҷамъона тафтиш мешавад


Вазири умури дохилии Кения изҳор намуд, ки мутахассисон аз Амрико, Исроил, Бритониё ва дигар кишварҳо дар ҷустуҷӯи ҷасадҳо ва далелҳои ҷиноёти гурӯҳи террористӣ дар маркази тиҷоратии шаҳри Найробӣ ба мақомоти Кения кӯмак хоҳанд кард. Ҷозеф Ол Ленку рӯзи чаҳоршанбе дар нишасти хабарӣ дар Найробӣ гуфт, ки бархе аз ҷасадҳо зери оворҳо мондаанд ва аммо шояд онҳо ҷасадҳои худи ҳамлагарон бошанд. Ба гуфтаи вазир, то замони хатми тафтишот дар бораи ҳуввият ва ҷинсияти террористҳо иттилоъ дода намешавад.

Ба иттилои расмӣ, бар асари ҳамла ба маркази тиҷоратии Westgate Mall дасти кам 61 сокини осоишта, шаш афсари хадамоти ҳифозатӣ ва панҷ тан аз ҳамлагарон ба ҳалокат расиданд. Аммо гурӯҳи “Ал-Шубоб”-и Сомалӣ, ки масъулияти ҳамларо бар дӯш гирифтааст, мегӯяд, ки дар ҳамла ба Найробӣ 137 нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG