Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ҷараёни ҳуҷуми ҳавоӣ дар вилояти Қундузи Афғонистон як раҳбари ғайрирасмии маъмурияти яке аз ноҳияҳо кушта шудааст. Намояндаи Толибон Мавлавӣ Аҳмад Шоҳ, ки аз фармондеҳони бонуфӯзи зидди нирӯҳои давлатӣ дар Чордара арзёбӣ мешуд, дар ҷараёни амалиёти муштараки нирӯҳои эътилофи байналмилалӣ ва низомиёни афғон кушта шуд. Ба гуфтаи Радиои Афғонистони Озод дар ин ҳодиса ҳамчунин ду муҳофизи Малавӣ Аҳмад Шоҳ низ ҳалок гардиданд. Дар заминаи ин ҳодиса то ҳол на аз тарафи нирӯҳои байналмилалӣ ва на аз тарафи мақомоти расмии Афғонистон шарҳе пахш нашудааст. Вазорати дохилии Афғонистон мегӯяд, ки дар шабонарӯзи ахир дар чанд минтақаи кишвар 11 чангӣ кушда шуд. Даргирӣ бо гурӯҳҳои мусаллаҳ дар вилоятҳои Қундуз, Балх, Қандаҳор, Урузгон, Пактико, Ҳирот Ҳилманд ва Нирӯз ҷараён гирифтанд.
XS
SM
MD
LG