Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Афроди номаълум дар Озайрбойчон писари яке аз фаъолони мухолифини ин кишварро латту куб ва бо зарби корд захмӣ карданд. Алӣ Гулалиев, писари Оқтой Гулалиев, сухангӯи номзади мухолифин дар интихоботи президентӣ, аз ҳуҷуми рӯзи душанбе акнун бемористони Боку ба худ меояд. Сухангӯи вазорати дохилии Озарбойҷон ҳодисаи ҳамла ба Гулалиевро тасдиқ, вале ҷамбаи сиёсӣ доштани ин ҳуҷумро такзиб кард. Рӯзи душанбе дар як ҳодисаи дигар писари раҳбари Ҳизби Ҷабҳаи Мардумии Озарбойҷон, Алӣ Каримлӣ ба муддати 25 рӯз зиндонӣ шуд. Туркел Каримлӣ ба тахриби овезаҳои таблиғотии ҷониби рақиб муттаҳам шуд. Каримлӣ ҳамчунин узви тими интихоботии Ҷамил Ҳасанлӣ, номзади мухолифин дар интихоботи президентӣ аст, ки 9 уми октябр раҳбари тӯлонии ин кишвар Илҳом Алиевро ба чолиш хоҳад кашид.
XS
SM
MD
LG