Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси Сурия дар мулоқоти Лавров ва Керри дар Ню Йорк


Котиби Давлатии Амрико Ҷон Керри ва Сергей Лавров, вазири хориҷии Русия мулоқотеро дар Ню Йорк, дар ҳошияи нишасти Маҷмаъи Кулли СММ анҷом доданд, ки дар он тарҳи Қатъномаи Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид, дар масъалаи силоҳи кимиёвии Сурия матраҳ шуд. Ҷузъиёти ин баррасиҳо маълум нест, аммо хабаргузории Ройтерс аз қавли як мақоми Амрикоӣ гуфтааст, ки мулоқот дар “руҳияи созандагӣ” гузашт. Ба гуфтаи ин мақом акнун бояд сафирҳои Ийолоти Муттаҳида ва Русия дар СММ, Саманта Пауэр ва Виталий Чуркин бар сари ин санад кор кунанд. Рӯзи сешанбе президенти Амрико Барак Обама аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки ба маҳви комили силоҳи кимиёвии Сурия даст ёбанд.
XS
SM
MD
LG