Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти Русия аз ҳалокати Тоҳир Сулаймонов хабар доданд


Кумитаи зидди террористии Русия гуфт, ки дар ҷараёни амалиёти рӯзи гузашта дар Доғистон Тоҳир Сулаймонов, як фармондеҳи гурӯҳи Кодор кушта шудааст. Амалиёт дар минтақаи ҷангалии деҳкадаи Эрпелии ноҳияи Буйноқ сурат гирифт. Ду ҷангии мусаллаҳ ба талаби пулис итоат накарданд ва дар ҷароёни тирпарронӣ кушта шуданд. Ба гуфтаи мақомот кушташудаҳо дар ҷиноятҳои вазнине, мисли ҳуҷум ба ходимони пулис, куштор ва пулситонӣ аз соҳибокорон муттаҳам мешуданд. 23 сентябр, дар пайи як амалиёти террористӣ дар назди идораи пулиси деҳкадаи Хучнӣ ду ходими пулис кушта ва дасти кам 16 нафар маҷрӯҳ шуданд.
XS
SM
MD
LG