Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯҳонӣ гуфт, барои силоҳи ҳаставӣ дар сохтори дифоии Эрон ҷой нест


Раисҷумҳурҳои Эрон ва Ийолоти Муттаҳида аз имкони гуфтушунидҳои тоза дар ҳалли мухолифатҳо бар сари барномаҳои ҳаставии Эрон пуштибонӣ карданд. Ҳассан Рӯҳонӣ зимни муроҷиат ба Маҷмаъи Кулли Созмони Милали Муттҳаид гуфт, ки кишвараш омода аст оҷилан аз чораҳои мушаххас ва натиҷагаро кор бигирад то эътимоди дуҷониба бунёд кунад. Ӯ ҳамчунин бунёди силоҳи ҳаставиро рад кард ва гуфт, ин гуна силоҳ дар сохтори амниятӣ ва дифоии Эрон ҷой нахоҳад дошт. Субҳи рӯзи сешанбе Барка Обама раисҷумҳури Ийолоти Муттаҳидаи Амрико зимни суханронӣ дар Созмони Милали Муттаҳид гуфт, ки Амрико ҳамчунон аз аз рушди силоҳи ҳаставии Эрон ҷилавгирӣ, вале аз ҳалли ин масъла бо “роҳҳои дипломатӣ” пуштибонӣ мекунад. Мақомоти Амрико гуфтаанд, ки Обама барои дидорбинӣ бо Рӯҳонӣ дар Созмони Милал омода буд, аммо ҷониби Эрон бо зикри печидагиҳо имкони чунин мулоқотро рад кард.
XS
SM
MD
LG