Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи ҳамла ба манзили М.Алимардон ба таъхир уфтод


Муродалӣ Алимардонов.

Муродалӣ Алимардонов.

Додгоҳи олии Тоҷикистон имрӯз, 26 сентябр, ки қарор буд ҳукми омилони ҳамла ба манзили Муродалӣ Алимардон эълон карда шавад ба таъхир гузошт.

Шодӣ Холов, котиби ин парванда ба хабарнигорон гуфт, ин тасмим аз ҷониби раисикунанда Мирзо Каримов гирифта шудааст, вале маълум накардааст, ки кай ин ҳукм аз сар гирифта мешавад.

Як манбаъ дар ин ниҳод ба Радиои «Озодӣ» гуфт, мақомоти тафтишотӣ афроди ғоратгарро танҳо шурӯъи соли равон боздошт карданд ва мурофиаи додгоҳии онҳо ду моҳи қабл оғоз шуда, «сухани ниҳоӣ»-и боздоштшуда рӯзи 24 сентябр шунида шуд.

Ҳодисаи ҳамла ба хонаи Муродалӣ Алимардон шаби 29 ба 30-юми июни соли 2005 дар ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо, деҳаи Ноҷии болои ноҳияи Ҳисор, 25 километрии ғарби Душанбе рух дода буд.

Мақомот мегӯянд, ду ғоратгар бо таппончаи «Макаров» ва яки дигар бо мусалсали «Калашников» мусаллаҳ буданд ва як нафарро ҳам аз манзили муовини сарвазири Тоҷикистон гаравгон гирифтаанд.

Манобеъи наздик ба хонаводаи Муродалӣ Алимардон мегӯянд, дар ҳодисаи мазкур аз хонаи собиқ раиси Бонки Миллӣ 9 ҳазор доллари нақд ва тилловорӣ ба маблағи 4 ҳазор долларро рабуда, посбони манзил Бозор Саидовро бо таппончаи тамғаи «Макаров» ба қатл расондаанд.

Мақомоти тафтишотӣ се нафарро ба қатл ва дуздиву гаравгонгирӣ дар манзили шахсии Муродалӣ Алимардон муттаҳам медонанд. Ин се нафар - Умед Насриддинов, Зайниддин Самадов ва Дилшод Мирзоев ба дуздӣ ва қатли посбони хонаи собиқ раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва ҳоло муовини сарвазир Муродалӣ Алимардон мебошанд ва бино ба иттилои мақомот нафари чаҳорум - Қобил Улуғов, ки гӯё маҳз ӯ ба қатли посбон даст дорад, боздошт нашудааст.

Боздоштшудагон аз рӯйи 5 модда - 104 (одамкушӣ), 130 (одамрабоӣ), 195 (ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан, нигоҳ доштан, интиқол додан гирифта гаштани яроқ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш), 249 (роҳзанӣ) ва 254 (соҳиб шудан ё ба соҳибияти каси дигар додани амволе, ки баръало бо роҳи ҷиноят ба даст оварда шудааст) –и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон муттаҳам мешаванд.

Додситонӣ аз додгоҳ барои муттаҳамон аз додгоҳ ба мӯҳлати аз 23 то 25 соли ҳукми зиндон дархост кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG