Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ширкати мунтахаби Тоҷикистон дар бозиҳои интихобии қаҳрамонии Осиё


Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозиҳои интихобии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2014 дар шаҳри Тошканд ширкат хоҳад кард.

Бозиҳои мусобиқоти минтақаи Осиёи Марказӣ аз 5-ум то 7-уми ноябр дар маҷмааи варзишии “Узбакистон”-и Тошканд баргузор мешаванд. Дар гурӯҳи “А” дастаҳои мунтахаби Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон рақобат мекунанд.

Мунтахаби Тоҷикистон бо раҳбарии Дамир Камолиддинов нахустин бозиашро 5-уми ноябр муқобили дастаи Қирғизистон анҷом медиҳад. Баъдан футболбозони тоҷик 6-уми ноябр бо мунтахаби Узбакистон ва 7-уми ноябр бо дастаи Туркманистон бозӣ мекунанд. Бояд гуфт, ки аз ин гурӯҳ се даста ба марҳалаи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2014 роҳхат мегиранд.

Ёдовар мешавем, ки марҳалаи ниҳоии мусобиқоти соли гузашта дар Имороти Муттаҳидаи Араб баргузор шуда буд. Мунтахаби Ҷопон қаҳрамони феълии Осиё мебошад.

Тақвими бозиҳои интихобии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2014 оид ба футзал дар гурӯҳи «А» (Минтақаи Осиёи Марказӣ):

Даври 1-ум
5-уми ноябр (сешанбе)
16:00 – Қирғизистон - Тоҷикистон
19:00 – Узбакистон - Туркманистон
Даври 2-юм
6-уми ноябр (чоршанбе)
16:00 – Туркманистон - Қирғизистон
19:00 – Тоҷикистон - Узбакистон
Даври 3-юм
7-уми ноябр (панҷшанбе)
16:00 – Тоҷикистон - Туркманистон
19:00 – Узбакистон - Қирғизистон.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG