Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бӯҳрони гаравгонгирӣ дар Кения поён ёфтааст


Уҳуру Кенята, раиси ҷумҳури Кения, гуфт, нерӯҳои кишвараш, тундравонеро шикаст доданд, ки бо ҳамла ба як маркази тиҷоратӣ дар шаҳри Найробӣ даҳҳо нафарро куштанд. Дар як муроҷиати телевизионӣ дар рӯзи сешанбе, ӯ гуфт, дар юриши ифротгароён ба маркази тиҷоратии Вестгейт, ки рӯзи шанбе шурӯъ шуд, 61 ғайринизомӣ ва 6 сарбоз кушта шудаанд. Маъмурони амниятии Кения 5 фарди мусаллаҳро кушта ва 11 нафари дигарро дастгир кардаанд. Ба қавли Уҳуру Кенята, се табақаи маркази тиҷоратӣ фӯру рафтааст ва мумкин аст, ҷасадҳои дигар зери овор монда бошанд. Сар аз рӯзи чаҳоршанбе дар Кения, ба хотири қурбониёни фоҷиа азои миллӣ эълон шудааст. Гурӯҳи тундрави Ал-Шабоби Сомалӣ ва як шарики Ал-Қоида масъулияти ин ҳамларо бар дӯш гирифт ва гуфт, ки ин ҷазое ба Кения барои фиристодани сарбозонаш барои маҳви ифротгароён дар Сомалӣ аст.
XS
SM
MD
LG