Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Русия аъзои Гринписро ба роҳзанӣ муттаҳам кард


Мақомоти Русия қасд доштаанд, 30 узви созмони Гринписро, ки алайҳи фаъолиятҳои ширкати Газпром барои истихроҷи нафт аз Арктика эътироз карданд, ба додгоҳ бикашанд. Владимир Маркин, сухангӯи Кумитаи Тафтишотии Русия, рӯзи сешанбе гуфт, ҳамаи фаъолони ин созмони муҳитизистиро новобаста ба шаҳрвандиашон ба "роҳзании созмонёфта" муттаҳам хоҳанд кард. Бо чунин иттиҳоми мумкин аст, онҳоро ба 15 соли зиндон маҳкум кунанд. Сӣ узви Гринпис ҳафтаи гузашта аз тарафи Посбонҳои Соҳилии Русия дар киштии “Тулӯъи Артика” боздошт шуданд. Онҳоро баъди он дастгир карданд, ки саъй доштанд, ба як манораи нафткашии Газпром бароянд. Созмони Гринпис иттиҳомоти мақомоти Русияро беасос хонда ва гуфтааст, ки киштии онҳо дар қаламравҳои байналмилалии обӣ беасос боздошт шуд. Айни ҳол киштии яхшикани “Тулӯъи Арктика” дар бандаре дар шаҳри Мурманск қарор дорад.
XS
SM
MD
LG