Пайвандҳои дастрасӣ

Буш аз Обама барои рағбаташ ба голф ҳимоят кард


Обама дар майдони голф

Обама дар майдони голф

Раисиҷумҳури собиқи ИМА Ҷорҷ Буши хурдӣ изҳор намуд, ки сарвари феълии кишвар Барак Обамаро барои дилбастагияш ба бозии голф танқид кардан нашояд. Дар як мусоҳибаи аз тариқи телевизионии “Гольф Ченнел” пахшшуда ӯ гуфт, ки голф барои раисиҷумҳури Амрико "василаи хубе барои муқовимат бо заҳмати сангин аст".

Худи Ҷорҷ Буш тирамоҳи соли 2003, дувуним сол баъд аз интихоб шуданаш ба мақоми раисиҷумҳури Амрико, аз майдони голф берун рафт – он вақт ӯ изҳор намуд, дар ҳоле, ки нерӯҳои амниятӣ дар Ироқу Афғонистон меҷанганд, сарвари кишвар набояд машғули бозии голф бошад.

Ба иттилои телевизиони CBS News, Обама баъди дар соли 2009 ба мақоми раисиҷумҳурӣ расиданаш беш аз 140 раунд голф бозӣ кардааст. Баъзан мухолифини сиёсӣ аз ин дилбастаии раисиҷумҳур ба голф интиқод мекунанд.
XS
SM
MD
LG