Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кохи Сафед мулоқоти Обама ва Рӯҳониро байид намедонад


ИМА тайид кард, ки вазири умури хориҷӣ Ҷон Керрӣ рӯзи панҷшанбе бо ҳамтои эронияш Муҳаммад Ҷавод Зариф дидору гуфтугӯ мекунад. Дар ин бора Бенҷамин Роудс, муовини мушовири раисиҷумҳури Амрико дар умури амнияти миллӣ, хабар дод. Ин мулоқот бо ширкати намояндагони панҷ кишвари узви доимии СММ дар долонҳои Маҷмааи умумӣ дар Ню-Йорк сурат мегирад.

Ин ҳафта дар иҷлосияи Маҷмааи умумии СММ руасои ҷумҳуриҳои Амрико ва Эрон ҳамзамон ҳузур хоҳанд дошт ва Вошингтону Теҳрон мулоқот ё ҳадди аққал ба ҳам даст додани Барак Обама ва Ҳасани Рӯҳониро байид намедонанд. Агар ин мулоқот баргузор шавад, он нахустин мулоқоти сарони ду кишвар аз соли 1979 ба ин сӯ хоҳад буд.

Ҳафтаи гузашта Барак Обама дар як сӯҳбати телевизионӣ хабар дод, ки бо Ҳасани Рӯҳонӣ баъди раисиҷумҳури Эрон интихоб шуданаш мукотиба дошт. Ба гуфтаи ӯ, дар номааш ӯ таваҷҷуҳм ИМА ба мавзӯи барномаи ҳастаии Эронро зикр карда буд.
XS
SM
MD
LG