Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

15 октябр - бозии дӯстонаи Қирғизистону Тоҷикистон дар Бишкек


Федератсияҳои футболи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи баргузории бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби миллии ҳарду кишвар ба мувофиқа расиданд.

Федератсияҳои футболи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи баргузории бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби миллии ҳарду кишвар ба мувофиқа расиданд.
Ин бозӣ дар рӯзи расмии ФИФА (Федератсияи байналмилалии футбол) – 15-уми октябр дар шаҳри Бишкек баргузор мешавад. Дар ин бора сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) хабар додааст.

Барои Мӯҳсин Муҳаммадиев ин дувумин бозиест, ки ӯ ба ҳайси сармураббии дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон анҷом хоҳад дод. Ёдовар мешавем, ки 14-уми август дар шаҳри Хуҷанд дар бозии аввали дӯстонатаҳти раҳбарии ин мутахассиси тоҷик мунтахаби кишвар бар тими миллии Ҳиндустон бо ҳисоби 3:0 ғолиб омада буд.

Бояд гуфт, ки дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистону Қирғизистон бо ҳам 9 бор қувваозмоӣ кардаанд. Дар 6 бозӣ футболбозони тоҷик ва дар 2 бозӣ футболбозони қирғиз пирӯз шудаанд, як бозӣ бо ҳисоби мусовӣ анҷом ёфтааст. Таносуби тӯбҳо 12-7 ба нафъи Тоҷикистон мебошад.

Нахустин бозии ин дастаҳо 8-уми июни соли 1993 дар доираи мусобиқоти байналмилалӣ дар Теҳрон баргузор шуда, бо ҳисоби 1:1 хотима ёфта буд. Голи мунтахаби Тоҷикистонро Тоҳир Муъминов зада буд.

Бозии охирини дастаҳои Тоҷикистону Қирғизистон 21-уми марти соли равон дар доираи мусобиқоти интихобии Ҷоми даъвати AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) дар Бишкек бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи мизбонон анҷом ёфта буд. Ин бохт мунтахаби Тоҷикистонро аз ҳаққи ширкат дар марҳалаи ниҳоии мусобиқот маҳрум кард.
XS
SM
MD
LG